ХУШВАҚТ ОЛИМОВ ЗАНҲОИ САРВАТМАНДРО ШИКОР МЕКАРД (ВИДЕО)

ХУШВАҚТ ОЛИМОВ ЗАНҲОИ САРВАТМАНДРО ШИКОР МЕКАРД (ВИДЕО)

Хушвақт Олимов – гумонбари асосӣ дар қатли зани тоҷир Гулнора Носирова – боз дар се ҳамлаи дигари ғоратгарона айбдор мешавад. Ин ҷавони 23-сола дар кӯчаҳои Душанбе занҳои сарватмандро таъқид карда, бо таҳдиди корд тиловориҳои онҳоро ғорат мекардааст.

Бино ба иттилои дарёфтӣ, Хушвақт Олимов , сокини 23-солаи ноҳии Восеъ, ки бо иттиҳоми қатли тоҷики 52-сола Гулнора (Гулӣ) Носирова аз 3 март дар боздошт қарор дорад, дар се ҳамлаи дигари ғоратгарона низ айбдор мешавад.

Ба гуфтаи наздикони Гулнора Носирова, дар он се ҳамлаи дигар низ Хушвақт Олимов ба хотири ба даст овардани чизҳои қиматбаҳо занони сарватмандро ҳадафи ҳамла қарор додааст.

Хушвақт Олимов барои ғорат дар кӯчаҳои Душанбе занони зоҳиран сарватмандро интихоб карда, аз паси онҳо мепоид ва сипас дар ягон ҷои хилват бо корд ба онҳо ҳамла оварда, тиловорӣ ва дигар чизҳои қиматбаҳояшонро мерабуд.

Ба фарқ аз Гулнора Носирова, ки рӯзи 2 март кушта шуд, он се зан зинда мондаанд, вале тавре яке аз наздикони Гулнора Носирова рӯзи 25 май ба сомонаи "Ахбор” гуфт, "Хушвақт Олимов якеро ба рӯяш, дувумиро ба гарданаш ва сеюмиро ба пояш корд зада, аз як зан 300 доллар, аз якеи дигар занҷири тилои 50-граммӣ ва аз сеюмӣ гарданбанди қиматбаҳояшро рабудааст.”

Ин занҳо, ба гуфтаи наздикони Гулнора Носирова, дар парвандаи Хушвақт Олимов ҳамчун ҷабрдида мегузаранд.

Мурофиаи парвандаи ин сокини ноҳияи Восеъ бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи Гулнора Носирова дар додгоҳи шаҳри Душанбе рӯзи 19 май оғоз ёфт ва мурофиаи навбатиаш, қарор аст, рӯзи 29 май баргузор шавад.

Гулнора Носирова, ки дар Душанбе ва маркази ноҳияи Ҳисор чанд дӯкони фурӯши ҷавоҳирот дошт, субҳи 2 март дар назди манзилаш дар маҳаллаи 82-юми шаҳри Душанбе дар дохили мошинаш кушта шуд. Қотил сипас худ пушти фармони мошин нишаста, аз ҷои ҳодиса фирор кард.

Мошини "Lexus RX-350” ва ҷасади Гулнора Носироваро бо 14 зарбаи корд баъди чанд соат дар як теппа дар назди қабристони ҷамоати Дурманбулоқи ноҳияи Варзоб пайдо карданд.

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон алакай рӯзи 4 март хабар дод, ки ҳамчун гумонбар дар қатли ин зан " ҷавони 23-солаи сокини ноҳияи Восеъ, донишҷӯи яке аз донишгоҳҳои олии кишвар дастгир гардид. ”

Айбдоркунандаи давлатӣ Абдухайр Қурбонов дар рӯзи аввали додгоҳ гуфт, Хушвақт Олимов (ДАР АКС) бар асоси 4 моддаи Кодекси ҷиноятии Тоҷикистон - 104 (куштор бо бераҳмии махсус), 249 (ғоратгарӣ ба маблағи бузург), 252 (дуздии мошин) ва 255(барқасдона хароб кардани молу мулк) – айбдор мешавад.

Тафтишот мегӯяд, Олимов бо Носирова шинос набуд. Ӯро барои насупурдани имтиҳонҳо аз Донишгоҳи тарбияи ҷисмонӣ хориҷ карда будаанд, вале волидонаш дар Восеъ аз ин хабар надоштанд. Олимов баъди ихроҷаш аз донишгоҳ дар Душанбе монда, дар фикри роҳҳои пайдо кардани пул шудааст. Ӯ барои ин роҳи ғоратгариро пеш гирифта, ба ин мақсад асосан занҳоеро, ки зоҳиран сарватманд ба назар мерасиданд, меҷуст.

Хушвақт Нозимов ҳамин тавр, дар маҳаллаи 82 Гулнора Носироваро мебинад, ки дар тан либосҳои қиматбаҳо ва ҷавоҳироти зиёд дорад.

Хушвақт Олимов, ба гуфтаи тафтишот, аз 23 феврал то 1 март аз паси Носирова поида, маълум мекунад, ки ӯ дар куҷо зиндагӣ мекунад, соати чанд аз хона мебарояд ва кай бармегардад?

Олимов рӯзи 27 феврал аз бозор бо нархи 7 сомонӣ як корд харида, субҳи 2 март ба пеши манзили зисти Гулнора Носирова рафт. Ӯ чеҳраи худро аз камераҳои назоратӣ пинҳон карда, ба мошини тилофурӯш нишаст. Баъди онки Гулнора Носирова доду фарёд бардошт, Олимов бо корд ба сару рӯ, гардани сари сина ва дигар аъзои бадани Носирова бо корд задан гирифт. Дар бадани Носирова баъдан 14 захми зарбаи кордро ташхис кардаанд.

Зане, ки дар манзили Гулӣ дар маҳаллаи 82-юми Душанбе хидмат мекард, гуфтааст, ки ӯ субҳи 2 март шир харида овард ва ҷомадони тиловориашро гирифта, берун шуд, ки ба ҷои кораш ба Ҳисор биравад. Ӯ гуфтааст, охирин садое ки шунид, овози доду фарёди Гулӣ аз дохили мошин буд.

Ин зан як писари ҳамсояро фиристодааст, ки бубинад, чӣ гап аст? Вале ин писар вақте пеши мошин мерасад, ки дар пушти фармони мошин алакай он ҳамлагар нишаста буд ва дарро маҳкам карда, мошинро бошаст аз саҳни ҳавлӣ ронд.

Лаҳзаи ба мошини Гулӣ нишастани қотил ба яке аз дурбинҳои шабакаи "Шаҳри бехатар”-и Душанбе афтодааст. Дар ин навор дида мешавад, ки як ҷавон, ки дар тан шими сиёҳ ва толстовкаи сафед дорад ва кӯлоҳи толстовкаашро маҳкам ба сар кашидааст, пайдо шуда, дуздона ба тарафи мошини он зан меравад ва аз дари пеш савор мешавад.

Вақте Носирова аз ҳуш рафт, Олимов ҷасади ӯро ба тарафи курсии мусофир кашида, худ пушти фармони мошин нишаст ва ба тарафи дараи Лучоб фирор кард.

Хушвақт Олимов дар инҷо як гӯшаи хилватро пайдо карда, телефони Iphone-6S ва 954 адад маснуоти заргарӣ – ҳалқаву ангуштарӣ ва занҷирҳои тилоиро ба маблағи 124 ҳазор сомонӣ ба яғмо бурдааст, вале вақте мебинад, ки як мард ба мошин наздик мешавад, боқимонда пулу ҷавоҳиротро даст накофта, фирор кардааст. Тафтишот мегӯяд, ӯ то боздошташ дар таърихи 3 март тавонистааст чанде аз ин маснуоти заргариро дар ивази 3000 сомонӣ бифурӯшад.

Тафтишот ҷамъи тилоҳои бурдаи Олимовро 1,8 кило мегӯяд, вале Лола, духтари Гулнора Носирова мегӯяд, дар мошин боз 7 ҳазор доллар пулу 2,5 кило тило буд, ки ба гуфтаи Лола, ин ҳама ғайб задааст.

Лола мегӯяд, овозаҳои пайдошуда дар бораи бо модараш шинос будани қотил асос надоранд: "Ин ҳама дурӯғ аст, ки ӯ модарамро мешинохт. Вай модарамро фақат барои пулаш кушт. Модари ман ҳамеша ба мӯҳтоҷон кумак мекард. Магар одамро метавон барои пул кушт?”

Чанд сол пеш духтари 18-солаи ин тилофурӯш низ ба таври бераҳмона дар манзили онҳо дар маҳаллаи "Гидроизол”-и Ҳисор кушта шуда буд. Қотилони ӯро то ҳол пайдо накардаанд.

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎