Саидризо Ализода - Вадуд Маҳмудӣ

Саидризо Ализода - Вадуд Маҳмудӣ

А нглисҳо барои сари Саидризо Ализода 50000 фунт стерлинг муқаррар намуда буданд. Амири Бухоро низ ӯро куштан мехост. Баъдан зимомдорони давлати шӯравӣ ӯро бо гумони "ҷосуси империализми ҷаҳонӣ" дар маҳбас ба қатл расониданд. Таърихи матбуоти тоҷик аз рӯзҳои аввали дар майдони сухан арзи вуҷуд намуданаш пур аз муаммову кушторҳои фаҷеь будааст. Тақдири асосгузорони он - Садриддин Айнӣ, Беҳбудӣ, Абдурауфи Фитрат ва бисёри дигар шоҳидон гӯёи воқеоти он солҳо мебошад. Қиссаи мо аз сарнавишти талхи яке аз онҳост. Самарқанди аввали асри бист. Гузари Чорсу. Солиёни дароз ба яке аз ҳавлиҳои он ҳиндуву эронӣ, русу тотор ва ғайра даробаро мекарданд. Меҳмонҳои миллатҳои гуногунро донишу фазл, меҳмондорию тараққихоҳӣ ва забондонии соҳиби хона Мирмаъсум Ализода ҷалбу мафтун карда буд ва онҳо аз ҳар сафари худ барои ӯ китобу маҷаллаву рӯзнома дастовез меоварданд. "Ҳаблулматин", "Тарҷумон", "Чеҳранамо", "Вақт" ва "Шӯро" мавриди қироату баҳси аҳли нишаст буд. Мирмаъсуми косиб забонҳои арабӣ, туркӣ, ҳиндуро хуб медонист ва писараш Саидризо Ализодаро аз забони арабиву улуми динӣ бархӯрдор намуда, пасон ба мактаби Абулқосими тараққипарвар медиҳад. Ба шаҳодати шодравон Раҳим Ҳошим, ки хеши наздики хонадони Ализода буд, Саидризои навҷавон дар гузари худ мактаби ҷадид мекушояд ва бо амри ҳукуматдорони рус амири Бухоро соли 1912 онро мебандад. Дар манбаъҳои расмии ба мо маълум омада, ки Саидризо то Инқилоби Октябр дар корхонаи падараш ба бофандагӣ машғул будааст. Агар ӯ ҳамаи ин муддат ба бофандагӣ, ки заҳмати тоқатшикан буд, машғул мешуд, пас забонҳои русӣ, фаронсавӣ, арманӣ, туркӣ, тоторӣ, арабӣ, ҳиндӣ, ҷамъ 12 забонро кай ва дар куҷо меомӯхт? Раҳим Ҳошим нақл кардааст, ки боре Мирмаъсум ӯву Саидризои хурдсолро ба Озарбойҷон ба хонаи хеши давлатманду бомаърифаташон, яке аз роҳбарони ширкати калонарини нафти Боку Зайналобиддини Тагӣ бурдааст. Саидризо бо ҳидояти Тагӣ ба омӯзиши забони фаронсавӣ машғул мешавад. Баъдан ба эҳтироми ӯ номи нахустписарашро Тагӣ мегузорад. Хонаи худи Саидризо Ализода низ баъдҳо ҳамчун маҳфилгаҳи илмиву адабии Самарқанд шӯҳрат дошт ва Садриддин Айнӣ, Туғрал, Чулпон, Абдурауф Фитрат, Ҳамза Ҳакимзода Ниёзӣ, Абдулқосими Лоҳутӣ, Ҳоҷӣ Абдулазиз, Тӯрақул Зеҳнӣ ба он ҷо равуо доштанд. Ҳамсари устод Лоҳутӣ - Ситсилиябону ёдовар шуда, ки забони тоҷикиро дар ҳавлии Саидризо Ализода омӯхтааст. Саидризо Ализода солҳои 1919-21 ҳам котиби Кумитаи ҳизбии ноҳияи Боғишамоли Самарқанд буд ва ҳам муҳарририи маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб"-ро ба ӯҳда дошт. "Шӯълаи инқилоб" бо мақолаҳои ҷанбаи маърифатӣ ва ошкоркунанда доштааш чашми оммаи меҳнаткашро ба авзои Осиёи Миёнаву Қафқоз, Русияву Туркия ва дар маҷмӯъ ба авзои ҷаҳон боз намуд. Ҳамин вақт буд, ки англисҳо барои сари ӯ 50000 фунт стерлинг нарх гузоштанд. Дар натиҷаи ин сӯиқасд яке аз дӯстони Саидризо Ализода, олими эронӣ Зей Муҳаммад ваҳшиёна кушта шуд. Дар ҳамин маҷаллаи "Шӯълаи инқилоб" устод Садриддин Айнӣ ҳамчун публитсисти шӯълавар ба камол расид. Дар омади гап бояд гуфт, ки баъд аз ҳиҷрати устод Айнӣ аз Бухоро ба Самарқанд Саидризо Ализода ҳамеша ба ӯ кӯмакҳои моддӣ ва маънавӣ расонидааст. Саидризо Ализода аввалин муаллифи адабиёти таълимӣ ба забонҳои тоҷикӣ баъд аз Инқилоби Октябр мебошад. "Дабистони тоҷик", "Китоби нахустин" (1920), "Сарфу наҳви тоҷикӣ", "Маданияти ислом", "Саодатнома" (1926) аз ҷумлаи онҳоянд. Ҳамчунин, дар соли 1926 асари Е. Э. Бертелс - "Мовароуннаҳр"-ро ба забонҳои форсӣ-тоҷикӣ, туркӣ ва урду тарҷума намуда, дар Лоҳури Покистон ба чоп мерасонад. Ба шаҳодати хешовандонаш, ӯ бо хоҳиши як дӯсти фаронсавиаш порае аз "Қуръон"-ро низ ба фаронсавӣ тарҷума карда буд. Тарҷумаи асари В. И. Ленин - "Инқилоб ба мардум чӣ дод?", ки дар шумораи аввали "Шӯълаи инқилоб" ба чоп расидааст, ба қалами ӯ тааллуқ дорад. Амири Бухоро низ ҳукми қатли ӯро бароварда буд. Ҷаллодони амир ӯро дастгир карда натавонистанд ва ҳаммаслакаш муфтӣ Мидҳатхоҷаи Беҳбудиро дар Қаршӣ дар соли 1919 ба дор кашиданд. Саидризо Ализода аз марги фоҷиабори дӯсташ бохабар шуда, бо ҳамдастии устод Айнӣ марсияи пурсӯзу гудоз менависад. Ализода аз нимаи дуввуми солҳои бистум то охири солҳои сиюм ба таълифи китобу тарҷумаи осори адибони ҷаҳон ва тадрис дар мактабҳои олии Самарқанд машғул мешавад. Бори охирин Саидризо Ализода соли 1936 бо ҷурми забондониаш (гӯё гумоштаи империализми ҷаҳонӣ бошад) гирифтори таъқиб ва шиканҷаи НКВД-и шӯравӣ мегардад, ки дар натиҷаи он дар соли 1945 (дар маъхазҳои даврони шӯравӣ соли 1938 нишон дода шудааст) баъд аз маҳрумияти 8-сола дар зиндонҳои Самарқанду Тошканду Тоболск, риштаи умраш дар зиндони шаҳри Владимири Русия канда мешавад. Дар давоми ҳашт сол Ализода ба номи сарварони Ҳукумати Шӯравӣ зиёда аз 400 нома менависад, ки ҳамааш беҷавоб мондааст. Ҳамон сол фарзанди Саидризо Ализода - Тагӣ ва домодаш, нависандаву тарҷумон Ҳасан Ирфонро низ муддате ҳабс карда буданд. Бади 32 соли марги ӯ яке аз наберагонаш - Фарҳод Ализода дар ҷустуҷӯйи қабри бобояш то ба маҳбаси шаҳри Владимир мерасад. Он ҷо сардори ҳамонвақтаи маҳбас Ривинскийро меёбад ва ин шахс ба Фарҳод нақл кардааст, ки дар муқоваи парвандаи Саидризо Ализода аломати хитоб гузошта буданд ва ин маънои маҳбуси хеле хатарнокро дошт. Бо вуҷуди ин, дар байни онҳо алоқаи дӯстӣ барқарор мегардад ва Ализода ба Ривинский забони ибриро меомӯзонад. Одатан маҳбусонро баъд аз иҷрои ҳукми қатл якҷоя дар хандақҳо хокпӯш мекарданд. Вале Ривинский ҷасади Саидризо Ализодаро алоҳида мегӯронад ва дар болои қабраш тахтасанге бо навиштаҷот мегузорад. Ӯ то вохӯрӣ бо Фарҳод нигоҳубини қабрро ба ӯҳда доштааст. Соли 1986 Фарҳод Ализода устухонҳои бобояшро ба Самарқанд оварда, ҷаноза мекунад ва бо тантана ба хок месупорад. Ҳамон сол дар шаҳри Самарқанд як кӯча ва як мактабро ба номи Саидризо Ализода мегузоранд. Қабри ӯ ҳоло зиёратгоҳи мардум ва ҳамеша гулпӯш аст.

Ҷумҳур Ҷаъфарови Самарқандӣ, «Самак»

Саидризо Ализода

и 103-летие национальной журналистики

Шариф Муллоев д.ф.н. РТСУ. Advertisements

Нисар Мухаммад и Саидризо Ализаде

Фрагмент сценарий фильма "НИСАР" (Safarbek Saleh)

Зарождение таджикской печати берет свое начало с выходом первой газеты на таджикском языке «Бухорои Шариф» (11-марта 1912) года. Таджикская интеллигенция начала свою деятельность с открытием первых персидско- таджикских новых школ в начале 20 века в Самарканде, Бухаре и Худжанде. Первыми кто выступал за реформу во всех отраслях жизни общества были Махмудходжа Бехбуди, Абдулкодир Шакури, Мирзо Абдулвохид Мунзим, Садриддин Айни, Хомидходжа Мехри, Ахмаджон Хамди и др. В этом благородном деле были изданы учебники и учебные пособии для ново-методных школ. В том числе учебные книги Махмудходжа Бехбуди, Ходжа Муъина, Исматулло Рахматуллозода «Ҷомеъ-ул-ҳикоёт» Абдулкодира Шакури, «Раҳбари хат» Мунзима, «Таҳзиб-ус-сибён», «Тартил-ул-Қуръон», «Заруриёти диния»- Садриддина Айни, «Роҳбари форсӣ» Муҳаммадрасула Расули, «Мухтасари таърихи ислом» Фитрата и многие другие. Название этих книг стали известны и популярны не только в Средней Азии, но и в других персоязычных странах.Одним из основателей национальной журналистики является Сайидризо Ализаде. Он по праву считается одним из просветителей и создателей таджикской прессы начала 20 века.В 1919г. с целью улучшения революционной пропаганды среди персоязычных народов Средней Азии при правительстве Туркестана организуется персидское отделение, которое объединяло всех персо-язычных народов республики — таджиков, иранцев и афганцев. Зав. отделом был назначен Саидризо Али-Заде. Этот отдел стал инициатором издания первой советской еженедельной газеты на таджикском языке «Шуълаи инкилоб» («Пламя революции»). 7 марта 1919 г. редактором газеты «Шуълаи инкилоб» был назначен Саидризо Ализаде. Распространялся во многих странах, в том числе в Индии, Афганистане, Иране, Турции, а также на территории Средней Азии и Закавказья. Журнал был закрыт в декабре того же года. В 1924 году стал ответственным секретарём газеты «Овози тожик». Кроме того работал в газетах «Шарк», «Хуррият», в журнале «Ойна» («Зеркало»).В течение жизни перевёл на таджикский и узбекский языки «Капитанскую дочку», «Бориса Годунова», «Дубровского», «Евгения Онегина», «Воскресение», «Ревизора», «Поднятую целину», «Цемент», «Как закалялась сталь». Параллельно переводил на русский произведения Ибн Сины, Фирдоуси, Низами, Физули, Наваи. Написал несколько книг по истории России, Туркестана, Европы и исламаА также он перевёл «Сад фоиз» («Сто процентов») американского писателя Синклера Эптуна (1938) и«Каждум аз меҳроб» (1938) – узбекского писателя Абдулло Кодири.По просьбе короля Афганистана Аманулла-хана, Сайидризо Ализаде написал множество книг относительно истории и просвещения ислама, такие как, «Асри саъодат», «Муросилот-мактубот», «Одоби икром», «Таърихи ислом»,«Таърихи Туркистон», «Қонуниятҳои динӣ», «Маданияти ислом», «Зарурати ислом», «Фан дар бораи коинот», на персидском языке которые были напечатаны в городе Лахор в Индии. В течение 1923-1934 были напечатаны десять произведений Сайидризо Ализода. Он был составителем первого «Русско-таджикского словаря» (в двух томах 1933-34), состоит из 61 тысяч слов. В этом словаре были включены многие профессиональные и творческие термины, названия предметов быта, научные и литературные. Журналист, литератор и известный таджикский переводчик Сайидризо Ализаде имел плодотворное сотрудничество и хорошие отношения с интелегенцией из Ирана, Индии и Афганистана. В частности он вел дружескую переписку с известным просветителем Ирана Маликушуъаро Баҳор. В некоторых персоязычных газетах начала 20 века были опубликованы его сочинения, он вместе с одним из знаменитых политических личностей и известного литератора Афганистана Маҳмуди Тарзӣ, перевел на персидский язык произведение известного французского писателя Жюльна Верна «Саёҳат дар давродаври замин дар 80 рӯз».

По приезду в Ташкент Нисар Мухаммад начал преподавать в Военно-Восточном Университете и работать в комиссии просвещения Туркистана, где и работал Саидризо Ализаде. В дальнейшем они стали основоположниками независимой таджикской периодики. Все таджикские газеты начало 20-30х годов прошлого века были связаны с их именами.Саидризо Ализаде тоже стал жертвой сталинских репрессий. Задержали его в 1938 году, во время занятий в государственном Университете Самарканда, обвинялся в шпионаже. Когда Саидаризо арестовали, его внуку Фархаду было сорок дней. Перед отправкой из самаркандской тюрьмы в Ташкент дед сумел передать родным письмо, в котором попросил свою дочь прийти к нему попрощаться. Она взяла с собой маленького сына. Начальство разрешило короткое свидание только через небольшой глазок тюремных ворот. Саид Ризо попросил дочь вставить в этот глазок мизинец внука. Она выполнила просьбу отца. Тот поцеловал пальчик внука, обвел им свои глаза и сказал, обращаясь к дочери: «Прошу тебя, береги его, придет время, и он расскажет правду». Сначала он сидел в тюрьме Тобольска, затем во Владимире, в одноместной камере под пытками и мучениями. Али-заде оставался человеком, не сломленным жизненными обстоятельствами, уважающим себя и даже гордым. Однажды он обратился к тюремному начальству с просьбой выдать ему френч, отобранный когда-то перед тюремным порогом и хранившийся на складе. Зачем? Он объяснил и это: родным разрешили свидание с ним, они уже выехали к нему из далекого Самарканда. И он не хотел бы, чтобы они увидели его в тюремной одежде. Он скончался в 1945 году в тюрьме Владимира.

До своего расстрела в 1937 году Нисар Мухаммад активно занимается исследовательской работы, получает советское гражданства и теперь его имя и фамилию пишут слитно и на русский лад НИСАРМУХАМЕДОВ. Он писал учебники для таджикских школ, выучил русский язык. В его рукописях я нашел его книгу на фарси «Сказки и былины таджиков Шугнана(Памир), изданное в Ташкенте в 1923 году. В этом же году Нисар Мухаммад в Ташкенте издает «Руководство Арифметики» на таджикском языке. Это 1923 год, еще даже Таджикской Автономной республики не было. Safarbek Saleh

ФАРЗОНАЕ АЗ САМАРҚАНД

Вадуд Махмуди А з гузашти айём, таърихи тӯлонии бани башар пайдост, ки дар аҳди ҳукмфармоии сарварони ҷоҳил, худкома, истилогар қабл аз ҳама рӯшанфикрон ҷабр дидаанд. Дар замони истибдоди сталинӣ ҳамчунин бисёр рӯшанфикрони мо: шоирон, олимон, адибон, уламои дин бо тӯҳматҳои ноҳақи «душмани халқ», «ҷосуси англис» ва ғайра ба зиндонҳо афканда шудаанд, қатл гардидаанд. Афсӯсҳо бод , ки то ҳанӯз мазори поки пешвои ҷараёни ҷадидия – Маҳмудхоҷа Беҳбудӣ, ки хуфиёна ба қатл расонда шуда буд, маълум нест. Саидхоҷаи Аҷзӣ, Саидризо Ализода, Абдуқодир Шакурӣ, Абдурауф Фитрат, А. Авлонӣ, А. Чӯлпон, Ҳоҷӣ Муин ва даҳҳо дигарон, ки ҳама аз аҳли фазл ва адаби сарзамини мо буданд, бо тӯҳматҳои гӯшношунид зиндонӣ шудаанд. Номи неки Вадуд Маҳмудӣ маҳз бо шарофати истиқлоли Ватани мо аз нав зинда гардид. Зеро хидматҳои ҷонфидоёнааш дар ҷодаи танқиди адабӣ, адабиётшиносӣ, маорифи халқ, фалсафа, назм, тарҷумаи адабӣ, матбуот назаррасанд. Ӯ соли 1898 дар гузари Хоҷа Зудмуроди шаҳри Самарқанд, дар оилаи мударрис чашм ба олами ҳастӣ кушодааст. Равшан гардидааст, ки ниёгони вай аз дудмони файласуфи машҳури Машриқзамин Мирсаид Алии Ҳамадонӣ будаанд. Вадуд Маҳмудӣ (соли 1934) дар дафтари хотирот чунин сабт кардааст:»Аз амакпоччом Мулло Зикриё шунидаам: дар вақти зиндагии падарамон аз Кӯлоб шахсе омада, ҳуҷҷатҳо оварда ва таклиф намудааст, ки тамоми ҳуқуқи сари мазори Мир Саид Алии Ҳамадонӣ мушаввиз (маҳфуз) аст. Бояд бираванд ва ба он молик бишаванд ва дар ин овон ғайр аз эшон аз он авлод муносибтар ба он мақом касе нест. Мегуфтанд, ки падарамон ин таклифро рад кардаанд ва аз ҷониби худашон ин шахсро ба ин кор муайян ва тамоми ихтиёрро ба ӯ вогузор намуда фиристодаанд» Вадуд саводи ибтидоиро аз падар омӯхтааст. Сипас дар мактаби нахустини усули ҷадидия, ки Абдуқодир Шакурӣ дар Самарқанд кушода буд, таҳсилро идома дод. Ҳам илмҳои дунявӣ ва ҳам илмҳои диниро басо амиқ омӯхт. Сипас дар ҳамон мактаб баҳри саводомӯзии шогирдон ба Абдуқодир Шакурӣ ёрмандӣ кард. Вадуд Маҳмудӣ, пас аз инқилоб дар сарзамини мо омӯзгорӣ кардааст. Чанде мудир ва муҳаррири ҷаридаи «Маориф ва ӯқитувчӣ», дар идораи маърифатгоҳ мудири маориф будааст. Дар матбуоти ҳамон замон мақолаҳои зиёди илмӣ, танқидӣ, публисистӣ ва китобҳои дарсӣ барои мактабҳои ҳамон замон таълиф кардааст. Азбаски забонҳои арабӣ, англисӣ, немисӣ, туркӣ ва ғайраро хуб медонист, бо тарҷумаи адабӣ ҳам машғул шудааст. Олими адабиётшиноси ӯзбек Баҳодур Карим дар сарсухани рисолаи илмиаш «Вадуд Маҳмудӣ» ба таври ҳаққонӣ изҳор доштааст: «Фаъолияти илмӣ, маданиву маърифатии Вадуд Маҳмуд, назариёти вай дар хусуси симоҳои машҳур аз қабили Навоӣ, Фузулӣ, Беҳбудӣ, Аҷзӣ, Фитрат ва Чӯлпон то ҳанӯз дар таърихи танқиди адабии ӯзбек мавқеи худро соҳиб нашудааст. Омӯзиши онҳо барои рӯшантар тасаввур кардани муҳити илмӣ-адабии солҳои бистум шароит фароҳам меоварад» Вадуд Маҳмудӣ, ки аз фардони некрой, бомаърифату бофарҳанги замони хеш буду мардуми сарзамини худро озод, ватанашро соҳибистиқлол дидан мехосту паи ҳифозати фарҳанг, асолати миллӣ набарди бардавом дошт, аз ҷониби зимомдорони замон, намояндагони «маданияти сурх» таъқибу таҳдид мебинад ва ахиран се маротиба ба муддати даҳ сол зиндонӣ мешавад. 24 соли умри Вадуд Маҳмудӣ дар зиндонҳои Архангелскии Русия сипарӣ мешавад. Бо гузаштии айём бегуноҳии чунин фардони ватандӯст ва фозил ба тасбит мерасад, аммо умри дар зиндон гузаштаи онҳоро кӣ бозгардон мекунад? Ҷуръат, матонат ва иродаи қавӣ доштани Вадуд Маҳмудӣ аз номаи ирсолдоштаи вай ба олими адабиётшинос Носирҷон Маъсумӣ бараъло падид меоянд: «Аз ҳамон соли 1930, ки маро гирифта бурданд, то соли 1954 дар ҳабсхона ё дар сургун мондам. Баъд аз омаданам маро бегуноҳ ёфтанд, ки ду моҳ мешавад ин коғаз ба мо расид.То имрӯз ман ба ҳеҷ ҷое ҳеҷ гуна муроҷиат накардаам, чун акнун андак далерӣ гирифтаам, ба хизмати Шумо ин коғазро навиштам.Шумо медонед, ки дар ин муддати дуру дароз ман аз корҳои илмӣ дур будам ва акнун, ки омадам, синну солам ҳам аз шаст таҷовуз кардааст. Бо вуҷуди ин, дар бораи як шоири самарқандӣ – Сипандӣ якчанд мақола навиштам, боз ҳам дар даст баъзе корҳое дорам, ки мехоҳам онҳоро ба поён расонам. Бинобар он аз шумо хоҳиш менамоям, ки ба ман барои тамом кардану давом намудан ба корҳои илмӣ ёрмандӣ расонда шавад. Ман алъон на хона дорам, на ҷой, на коре дорам, на таъминот. Албатта, дар ин вазъият илоҷи кор кардан нест. Умедворам, ки он чӣ аз дастатон меояд, дареғ надошта бошед. Вадуд Маҳмудӣ» Чуноне ки дар сӯҳбат бо нигорандаи сатрҳо фарзанди чаҳоруми Вадуд Маҳмудӣ, хатмкардаи факултаи филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Самарқанд – Наҷод гуфт, падари вай пас аз бозгашт аз бадарға (соли 1957) дар Самарқанд дар ҳавлии устод Садриддин Айнӣ зиндагӣ кардааст. Суоле бармеояд, ки Вадуд Маҳмудиро бо устод Айнӣ чӣ иртиботест? Завҷаи устод Садриддин Айнӣ – Салоҳатбегим хоҳари Вадуд Маҳмудӣ буда, вайро Абдуқодир Шакурӣ, пас аз ба Самарқанд омадан, ба устод Айнӣ ба шавҳар додааст. Фарзандони Мулло Маҳмудҷон Махдум пас аз фавти вай аз ҷониби Абдуқодир Шакурӣ парасторӣ шудаанд. Хешутаборӣ ва дӯстии ду симои муаззами фарҳанги мо аз ҳамон рӯз маншаъ гирифтааст. Азбаски ҳавлии устод Айнӣ солҳои шастум ба осорхона табдил меёбад, дар яке аз иморатҳои бисёрошёнаи нави атрофи Регистон ба Вадуд Маҳмудӣ ҳуҷра дода мешавад. Мебояд нуктаеро таъкид кард, ки Вадуд Маҳмудӣ соли 1957 хонадор шудааст ва ҳамаи фарзандонаш дар ҳамин манзил ба воя расидаанд. Вадуд Маҳмудӣ аз соли 1957 ба Душанбешаҳр рафтуомад ва дар ҳавлии хоҳараш – Салоҳатбегим буду бош дошт, ба корҳои илмии ҷиянаш – Холида Айнӣ, азбаски бедилшиноси варзида буд, кӯмак расондааст ва дар нашриёти «Ирфон» ба ҳайси муҳаррири ғайриштатӣ кор кардааст. Ғайр аз ин, Вадуд Маҳмудӣ, азбаски забоншинос ва луғатшиноси забардаст ҳам буд, дар кори мураттаб сохтани ҳар ду ҷилди «Фарҳанги забони тоҷикӣ» ширкат дошт. Чуноне ки дар сӯҳбат Наҷод изҳор дошт, падараш асари сегонаи Лев Толстой «Кӯдакӣ. Навҷавонӣ. Ҷавонӣ», романи М. Лермонтов «Қаҳрамони даврони мо»-ро тарҷума карда, ба нашр расондааст. Инчунин, пас аз даргузаштани вай қиссаи ҳуҷҷатии «Муаллим Абдуқодир Шакурӣ» (бо сарсухани устод Сотим Улуғзода) дар шумораи якуми соли 1990-уми маҷаллаи «Садои Шарқ» ба табъ расидааст. Аз Вадуд Маҳмудӣ, мероси ғановатманде аз қабили ғазалҳо, рубоиёт, қасидаҳо, маснавиҳо, мақолаҳои тадқиқотӣ дар бораи Саъдии Шерозӣ, Бедил, Ҳофизи Шерозӣ, мақолаҳои зиёди публисистӣ, танқидӣ, илмӣ, ки дар солҳои бистум дар матбуот ба табъ расидаанд, дафтари хотирот, ки дар маҳбас навишта шудаанд, боқӣ мондаанд. Адабиётшинос Баҳодур Карим рисолаи илмӣ-тадқиқотии пурарзишеро дар хусуси Вадуд Маҳмудӣ анҷом додааст. Аммо ҳамаи ин корҳо каманд. Эҷодиёти Вадуд Маҳмудӣ, ки ба забонҳои ӯзбекӣ ва тоҷикӣ навишта шудаанд, муҳаққиқони худро мунтазиранд.

Ӯктам ИБРОҲИМ, рӯзноманигор. (Бознашр аз "Овози тоҷик", Тошканд)

ВАДУД МАҲМУДӢ Ҳабси нахустин О н рӯзҳое буд, ки дар боғ зиндагонӣ мекардем, дилу даст аз ҳар тараф канда. Бо дӯстоне, ки то он ҳангом ҳамростон буданд аксар бурида будем. Зеро фикри мо мувофиқат намекард. Ҳамин тавр танҳо зиндагӣ мекардем. Вирди забонам ҳамин рубоӣ аз Ӌамоли Қадам буд: Эй дӯст балоят роҳати ӌонӣ ман аст, Зиндон ки барои туст ризвонӣ ман аст. Ман хизри раҳи ишқаму ин ӌавру ситам, Дар зулмати хатар об ҳайвонӣ ман аст. Модарам ки ин байтҳоро аз ман мешунавид, ваҳм мекашид, тешаам мекард ва аз он рӯ буд, ки мегуфт: Писарӌон чаро ин оятҳоро мехонӣ, нахон! Ва ҳамон тавр ҳам пурандеша мегашт. Дар ман як орзуи дарунӣ гирифторӣ ва маҳбусӣ ва ранӌу азият кашидан мезист. Бинобарон мазмуни ин рубоӣ аз замирам намерафт. Гоҳе дар хоб ва гоҳе дар бедорӣ дар миёни шохи дарахтони пурбарг, ки вақти дароз кашида дар лаби ҳавз мехобидам як чашмсиёҳе намудор мекашид. Намедонам ин хаёл буд ё хоб, вале намедонистам, ки аз куӌост ва чӣ маъно дошта бошад. Он рӯзҳо ба ин муносибат ин ғазал навишта шуда буд: Боз ёдам омад он чашмсиёҳ, Вадуд Махмуди Шод бош эй дил, ки ҳолат шуд табоҳ. Гиряи шодем аз гардуни гузашт, Чунки омад бар сарам он каӌкулоҳ. Шод бош эй дил, ки дар роҳи ҳуббат, Метапи дар хок нолон гоҳ-гоҳ. Дар ҳавои ишқи ӯ гашти баланд, Ту кӣ худ будӣ яке ночиз гоҳ. Чунки донистам, ки бе калимоти ғам, Ба туст лутфи файз з-он нури пагоҳ. Алсало эй пир гардун алсало, Ҳар чӣ дори кулфату ғам дар паноҳ. Бар сари ин бенаво афкан, То шавад ӌуръае з-он нур моҳ. Дар ҳамон овон чанд хобе ҳам дидаам. Аждаҳое маро таъқиб мекард ман мегурехтам. Дафъаи дигар дидам, ки бо дучархае, ки як асп баста буд, дар тоз мерафтам ва саҳни масчиди гузари Махдуми Хоразмӣ дар яке аз ҳуӌраҳои торик, ки як сӯрохе дошт дарун рафтам. Дафъаи дигар медидам, ки дар атрофи ман калпесаҳо мегаштанд ва Ҳазрати Валии Амруллоҳ ба ман мегӯянд, ки аз инҳо дар ҳазар бош, ки дар чашмашон хосияте доранд, ки ҳарчӣ мебинанд аксашро бурда месупоранд… Ё боз дафъаи дигар дида будам дар пеши айвони боғе ҳамшираи бузургам хандаи баланд мекунад. Ҳамаи инҳо хабар аз оянда менамуданд ва ман ҳам мунтазир будам. Дар ҳақиқат калпесаҳо атрофи маро гирифта буданд, омаду рафт мекарданд, пурсу ӌӯ доштанд. Ин ҳол ногузир буд, зеро ҳама ёру бародар ном доштанд. Ҳар чанд мухбирони махфӣ ба шумор мерафтанд, вале мо медонистем, ки ҳунарашон ҳамин буд, ки мекарданд. Рӯзе як нафар аз инҳо, ки писари қозӣ буд, омаду рафт. Рӯзи дигар як ду нафарашон бо ҳам меҳмонӣ омаданд. Яке аз инҳоро аз онӌо таълим мекарданд, саволҳое медод ва ӌавобҳо мегирифт. Хусусан рӯзе дар масоили фалсафӣ сӯҳбат ба ӌое расид, ки гуфт: - Охир шумо аз куӌо медонед, ки ин олам холиқе дорад ва як замоне ба вуӌуд омада магар шумо дидаед? Ман гуфтам: - Магар шумо ва он касоне, ки ба шумо ин саволро таълим мекунанд оё дидаанд, ки ин олам як замоне ба вуӌуд наомада ва ҳамеша буда? Гуфт: - Шумо ин ӌавобро чӣ тавр ёфтед? Ҳақиқатан на муқбилин на манкарин ҳеӌ кадоме надидаанд ва дар ин қазия ҳамон баробари ҳамдигар ҳақ доранд, ҳама ҳукм асту исботе нест. Дигари аз инҳо, ки ӯ низ аз дӯстон ба шумор мерафт ва маӌбурӣ хидмат дошт нишаста будем ва сӯҳбат мекардем, ин шахс пурсид: - Имрӯзҳо ки сиёсиро ба номи дигар идораи НКВД ном карданд, дар вазифаи худ фарқе дорад ё на? Гуфтам: - Ҳамон тос ҳамон ҳаммом. Фақат номаш дигар аст, ҳамон корҳое, ки онаш мекард, инаш мекунад. Баъд дар овони ҳабс коғаз навиштаи ишонро бо хати худашон ба ман нишон дода буданд ва ба рӯи ман тамасхар мекарданд, ки дӯстони наздикеро ман ба худ гирифтаам, ҳамин тавр касоне ҳастанд. Албатта ин барои ман сахт душвор буд, вале чӣ чора дӯстони ин замони мо ҳамин таврӣ буданд. Он вақт ба ёдам омад, ки Мавлавӣ гуфтааст: З-ин ҳамроҳон сист аносири дилам гирифт, Шери худову Рустами достонам орзуст. Як ду байти ин ғазали Мавлавиро он замонҳо мухаммас карда будам, яке чунин баромада буд: Ку он гурӯҳи пок, ки бар кафи олам гирифт, Нури ӌинашон ману мо як қалам гирифт. Рафтанд з-ин диёру диламро олам гирифт. З-ин ҳамроҳони сист аносири дилам гирифт, Шери худову Рустами достонам орзуст. Хулоса рӯзе шуд, ки омаданд ва дар ҳамон даме, ки бо он ду ёри мувофиқ дар ҳамон боғи Масҳуд дар зери дарахти чормағз, ки зераш сабзае буд ва то ҳангоми ними шаб китобхонӣ ва сӯҳбат мекардем, як дафъа дидам, ки атрофи мо мардумони сасaллаҳ, ки ҳакамои рус буданд, печиданд ва яке аз онҳо пеш омад ва дар дасташ қабзи маҳбусияти ин банда буд, ки ба ман дод ва ба он ду нафар нигоҳи маънидоре кард. Маълум буд, ки онҳоро мешиносад ва шояд ҳам ба гумони фақир чунин омад, ки ишонро дар он шаб маъҳуд махсусан фиристода буданд, ки маро машғул доранд то ман ӌои дигаре наравам. Боз худо беҳтар медонад. Пас дар кофту ков даромаданд. Салоҳ меӌустанд, ҳолонки ман салоҳи кор намефар-мудам. Ва чу зуд ба дами айвони даруни работ рафтам, ҳамшираам, ки нохушҳол буд ва сахт хобида буд, якбора аз хоб бедор шуда ва чанд нафар маслаҳеро ва дар он миён манро, ки ба ӯ мегуфтам: -Матарс, ки омадаанд чизеро меӌӯянд, шанида як гиряи баланди талх кард. Ин ҳамон таъбири хоби хандаи баланд буд, ки воқеъ шуд. Аз онӌо он ду ёри мувоқифро гузоштам ва бо модару хоҳарон видоъ кардем ва як ду се калимаи тасаллиомезӣ ҳам додам, ки ҳеӌ ӌои тарсу ваҳм нест. Баъд аз чанд рӯзе хоҳам омад…Ва Содиқ ном ӌавонеро, ки дар он рӯзҳо меҳмони ман буд ва дар он дар гӯшаи дигар лаби ҳавз хобида буд, дар ҳамон ҳолат хоб гузошта, яъне ӯро ба ташвиш наандохта рафтем берун ва дар мошин савор шуда омадем то наздики ҳавлӣ, ки дар шаҳр буд. Дар Чорсу, ки расидем мошинро нигоҳ доштанд ва яке, ки дар сараш ӌома печида буд токи касе нашиносад аз мошин поин омад. Ин агар хато накунам ҳамон Қозизода буд, ки барои нишондоди роҳи боғи ман баробар гирифта буданд. Омадем ниҳони дар ҳамон болохонае, ки ал он дар ҳавлие, ки Махдуми Хоразм ҳаст. Аз шаб то дами субҳ ҳама ӌоро ӌустанд ва китобҳоро зеру забар мекарданд, варақ мезаданд, ба турбаҳо меандохтанд. Ин ҳамон болохонаест, ки чанд сол пеш дар соли 25-26 китоби Иқонро бо ҳаяӌони азиме хондаам ва дар ҳамон хона муваффақ ба иқболи амри бади гаштаам. Дар инӌо ёддошт намоям, ки дар ҳаёти ман се ӌои муборак дорам. Яке ҳамин болохона аст, ки сабаби муборакиашро гуфтам. Дувумин ҳамон гӯшаи боғ, ки дар боло гуфта шуд, ӌои ба ҳабс гирифти ман аст. Севум дар боғчаи тозае, ки дар Намозгоҳ як каӌам хушсояе дорад. Дар зери ҳамин каӌам дафъаи дуюм маро ба ҳабс гирифта буданд. Ин се нуқта барои ман ӌои муборак ва муқаддас аст, ки яке аз ӌиҳати инки ман дар он хона бо амри илоҳӣ ошно гаштам. Дувум ва сеюм ӌойҳое, ки барои таблиғ ва интишори ин амр ба ҳабс гирифта шудаам, то субҳ дамид китобҳо ва маро бурданд ба шӯъбаи идораи сиёсӣ, ки сиктур мекашанд. Ин рӯз 18 огуст соли 1929 буд. Чунки оварданду дар камар маро гузоштанд бе ихтиёр ин байтҳо ба забон омад: Оқибат дар гирифт нолаи ман, Ғуссаву дард гашт ҳолаи ман. Руху чашмон заъфарону сурх, Боғи ман гашту ашк жолаи ман. Дам ба дам заҳр мекашам ба ӌигар, Дили пурхуни ман пиёлаи ман. Ӌигарам дуд кард аз даҳр, Инчунин шуд шукуфта лолаи ман. Ман надонам куӌо бирам акнун, Сар бар шуру қалб волаи ман. Беҳ, ки ба хоки остонаи дӯст, Биниҳам тӯҳфа ин ду колаи ман! Дар ин давраи аввали маҳбусӣ аз аҳиббои Самарқанд фақат маро танҳо гирифта буданд. Дигар касе аз он афрод ҳанӯз ба ин тоӌ муфаххир нагашта буд, ин буд, ки дар дафъаи дуюм рубоии ин гуфта будам: Гӯянд раҳи шариати Ӌамоли Абҳо, Дар ин кишвар намеравад бас боло. Ҳолонки дар ин давра нони маҳбус, Беш аз пешин шудааст аз мо инӌо. Моҳи август буд, ангурҳо тоза мерасиданд, фақат хонае, ки маро дар онӌо дода буданд, танг буду гарм. Аз гилу чизе намегузашт. Тақибақ зиёд буд. Яке аз гуноҳҳои ман ин буд, ки чаро забони англисӣ мехонам. Як руси чашмкабуди фарбеҳе, ки гӯё саркори идораи Самарқанд будааст Иванов мегуфтанд, шабона маро талаб карда пурсу ков мекард, вақти пурсиш аз қутии миз бо таппончаи нагане бароварда пешаш гузошт ва чанд тир ҳам бароварда рӯи миз рехт ва ба ман аз ҳар тараф саволҳои гуногун медод. Он рӯзҳое, ки маро гирифта буданд, яке аз таълифоти Абулфазоил, ки ба забони арабӣ дар Миср ба тозагӣ чоп шуда буд ва дар ин сафаҳот ягона нусхааш афтода буд ва ҳамон рӯзҳо аз Ашқобод оваронда будем. Мехондам ва ҳанӯз то нисфаш фақат расида будам. Онро низ миёни китобҳо гирифта буданд ва дар ҳамон ӌо ба назарам хӯрд. Ин саркор ба ман чӣ саволҳое медод ва фикри ман дар он буд, ки ҳайфи он китобро тамом накарда будам ва мегуфтам: - Дар ҳамаи ин ҳабсу бандии шумо як ҳасрате дар ман монд, чӣ мешуд, ки он китобро диҳед, мобаъдашро хонда бароям. Эҳтимол саркор маро девона мешумурд, ки ман ғами дигаре ғайр аз ин надорам, ҳол онки ӌой ӌои китобхонӣ набуд, хонаи марг буд. Зеро дар яке аз гӯшаҳои ҳабсхона хонае буд, ки хонаи аӌал меномиданд ва ҳар шаб дар онӌо чанд нафареро ӌамъоварӣ карда бо занӌирҳо банду баст нигоҳ медоштанд ва ман бо вуӌуди ин он қадар бепарво будам. Яке аз мустантиқоне, ки Жиликовский ном дошт вала буд, мазуни окодемияи ҳарбӣ буд, марди ботарбият буд, дуруштии бемаънӣ намекард. Рӯзе дар миёни сӯҳбат гуфт: -Шумо худатон мебинед, ки бо шумо мо ҳеӌ гуна таснифи ногузорӣ раво намедо-рем, ин аст ки ҳар чӣ дар ҳақи мо мегӯянд, ки ину он ранг шиканӌа доранд, нодуруст аст! Гуфтам: - Бале, ман шиканӌаие ғайр аз инки ноҳақ маро гирифтаед намебинам вале шаби гузашта ман, ки дар таҳхона ҳастам, дар болохонаи ман касеро пурсу ӌӯ мекарданд ва гоҳе аз ӯ овозҳои оҳу воҳ шунида мешуд ва чанд ва чанд нафаре давру пеши ӯ барои сокит кардани ӯ тиш-тиш мегуфтанд, тамоми шаб хоб кардану осудан натавонистам. Ин ҳою ҳу он қадар дардолуд буд, ки бо болин сарамро печидам, ба гӯшҳоям панба гузоштам ҳеӌ суд накард. Он чӣ коре буд намедонам ва ӯ кӣ буд, ки ӯ ин тавр муомилот мекарданд? Мухотибам сукут карду инкор намуд ва ин шаб, дигараш дигари он овозу ҳою ҳу дар болохонаи ман воқеъ нашуд, магар ӌои дигар кӯчонда буданд. Ин соли 1939 буд. Ҳанӯз он ваҳшате, ки дар солҳои баъд аз онаш медиданд дида намешуд. Ҳанӯз маъракаи галосетонӣ сар нашуда буд. Фақат мубориза бо дигар гуна фикр кунандагон мерафт. Аз тарафдорони Троцкий ва инқилобиюни деҳқон, ки «левые» мегуфтанд дар ҳар хона мениастанд. Дар миёни ин инқилобиюн ман ӌавононе ва мардоне дидам, ки ҳақиқаттан соҳиби мафкура ва гапфаҳм, фидоӣ ва ӌонсипор, мардумдӯстӣ аз ишон намудор буд. Он рӯзҳо портиябозӣ ва портигарӣ бо ин бемаъногӣ, ки алон дида мешавад набуд. Алон касонеки дар фирқае, ки худашонро мансуб мегиранд абадан дарди халқу миллат дар ишон ҳувайдо нест, балки ӌоҳпарастӣ, итоатгарӣ бо сарболо, манфиати шахсигарӣ ва тарсуӣ ва бевиӌдонӣ аст. Аз он рӯзе, ки ин инқилобиюнро дар Русия коммунистҳо шикастанд, ҳама инқилобият барбод шуд ва асоси демокроти хароб гардид, диктотуро сар шуд, ки то ҳол дарди ҳамонро мекашем ва рафтору кирдор бар зарари мардум ва мамлакат рӯзафзун давом дорад. Он рӯзҳо аз миллатпарастон, ки ин марзу бум ба унвонҳои гуногун буданд, зиёд дида мешуданд. Истиқлолхоҳон, озодихоҳон дар ҳар шаҳру деҳистону мактаб ва мадраса сар мезаданд, бинобарон аз ин гурӯҳҳо бисёр гирифта мешуданд, ки дар ҳамсоя камарҳои маҳбас аз ин қабилҳо менишастанд. Дар ин зикр яке аз ин истиқлолӌӯёнро, ки Муродӌон ном дошт ва ҳақиқаттан фидокору нотарс буд накарда нагузоштан имкон надорад. Зеро ин шахс бисёр фаъолона кордорӣ мекард. Дар фирқаи миллатпарастони ин сарзамин яке аз ангуштнамоён буд. Бисьёр ӯро азият карданд вале ҳеӌ хабаре аз ӯ дар бораи ҳаммаслаконаш гирифта натавонистанд ва ӯ дар ҳамин кашмакаш талаф шуд.Балки ӯ дастхуш чанд нафар аз ҳамкоронаш, ки сустансарӣ карданд ва исрори хафияи ӌамъияташонро кушоданд, гардид. Худо раҳматаш кунад. Ин истиқлолӌӯён чунонки ишонро маиб мекарданд, тақсире надоштанд. Зеро ин давра давраи озодии миллал аст. Ҳар миллат мехоҳад ва ҳақ дорад, ки кори худашро худаш бинад вале дар ин малак онҳоро ноҳақ гулӯлакорӣ мекарданд. Худованд ӌазои ин бефикронро бидиҳад. Ҳамин тавр рӯзу шаби ман мегузашт. Рӯзҳо бисёр гарм буд. Аз боғ гоҳе ангур меоварданд. Иштаҳои хӯрдан набуд, касе ҳам набуд, ки ба ӯ бидиҳам, постбоне, ки дар даст туфанг пасу пеш дар мо мегашт садо кардам ва ангур додам, тарсон-тарсон ҳар сӯ нигоҳ андохта мехӯрд. Ин як ӌавони бадбахт укроинӣ буд чӣ медонист, ки олам чӣ аст, кор чист! Ӯро маӌбуран ба хидмати аскарӣ гирифта инӌо оварда нигаҳбони мо сохта буданд. - Мепурсидам ту аз куӌоӣ?

- Мегуфт аз ӌои дур! - Чӣ тавр инӌо омадӣ? - Ман кай омадам, маро оварданд? - Чӣ тавр аст аҳволи мамлакати шумо? Чомае ки солхои 30 - 50Вадуд Махмудиро аз сардихои Сибир начот дод - Бисёр бад, гуруснагӣ аст. - Чӣ сабаб? - Ҳар чӣ ҳаст аз даст мегиранд ва намедиҳанд. - Надиҳанд намешавад? - Ҳабс мекунанд ва ҳар тараф меронанд… Истинтоқ давом мекард. Киҳоро мешиносӣ, дӯстону ёронат киҳо ҳастанд мегуфтанд. Мегуфтам: - Дӯстони ман бисёр буданд вале аз он рӯзе, ки ман ин роҳро ба худ гирифтам, яъне баҳоиятро пазируфтам ҳама аз ман гурехтанд, ман танҳо мондаам. Дар ин давра аз ман пештар аҳволоти фирқаи миллӣ-сиёсиро мепурсиданд ва гумон мекарданд, ки ман ҳанӯз дар он иштирок дошта бошам. Вале баъд аз 13 моҳ маълумашон шуд, ки ман дар миёни ишон набудаам, инро з-бузургони миллатпарастон дарёфт намуда буданд. Бинобарон тақсире, ки ба ман бастанд ин буд, ки гӯё ман бидуни ин тавр фирқаи миллиро медонистаам ва онро ба ишон хабар надодаам. Бинобарон ба ман он давра се сол ҳабси логир доданд. Дар боло зикри Содиқ номе гузашт, ки дар шаби ба ҳабс гирифтани ман, дар боғи фақир дар гӯшае хобида монда буд. Тариқи ошноии ман бо ин чунин буд. Дар Самарқанд Атоуллохон табибе буд, ки овозаи донишмандии ӯ баланд буд ва ман бо ӯ шиносоӣ доштам. Дар ӌои дигар дар бораи ӯ муфассал навишта мешавад. Гоҳе барои дидани ӯ ё барои гирифтани давое мерафтем. Ҳамин ранг рӯзе ба давохонааш рафта будам дидам, ки ӌавони эронӣ дар хидмати ӯ пайдо шудааст, ки пештар набуд. Аз ӯ пурсидам: Тоза аз Ашқобод омада буда аз Маҳмудобод будааст. Ӌароҳате дар гарданаш пайдо шуда будааст, аз ҳудуд гузашта ва ба дуктурҳо муроӌиат намудааст. Вале саҳат наёфта бинобарон чун овозаи ин дуктури самарқандиро шанидааст омада дар онӌо ҳам муолиӌа мекунад ва ҳам хидмати ӯро мекунад. Дафъаи дигар, ки боз барои дидани дуктур омада будам, боз пурсу пос кардам, маълум шуд, ки ӌавони бесаводе ва тозатасдиқ аст. Гуфтам: - Ту ки дар инӌо мусофирӣ агар гоҳе дилтанг шавӣ хонаи мо биё, меҳмон бишав. Албат ӌое надорӣ, ки биравӣ. Қабул кард. Рӯзе омад, якчанд соат буд. Баъд аз чанд рӯзе омад. Ин дафъа гуфт, акнун ман тамоман омадам, дигар намеравам. Гуфтам: - Чаро? Гуфт: - Бо дуктур гапамон гурехт. Гуфтам: - Худат медонӣ. Бихоҳӣ инӌо бош то замоне, ки хоҳӣ. Мехостам миёни ишонро ислоҳ намоям, тасмимият дар нагирифт, ҳамин тавр ин ӌавон дар хонаи мо монд. Ман гуфтам:- Агар хондан мехоҳӣ дар мадрасае бигзорам, агар санъатӣ мехоҳӣ ӌое дуруст кунам. На ҳеӌ кадомашро намекард. Худам чанд ҳарфе таълим кардам бо майдоне, ки шояд саводе бароварда бошад, он ҳам нимакора монд. Ҳамин тавр дар хонаи мо буд, ки буд. Боғ кӯчидем бо ҳам ӯ низ буд. Мехост шаҳр меомад, мехост мемонд, ман ба ӯ коре надоштам, зеро нахостам ӯ биранӌад, мусофир буд, ӌои дигар ва каси дигар надошт. То он рӯзе, ки маро омаданду ба ҳабс гирифтанд ва ӯ ҳам чунонки дар хоб буд бехабар монда буд. Баъд аз рафтани ман чун субҳгоҳӣ аз хоб бедор мешавад модарам ба ӯ мегӣянд: - Содиқ! То ҳолки бародарат инӌо буд ту бо ӯ мебудӣ, акнун ӯро гирифтанд ту ҳам сарҳоби худатро бин! Ӯ гуфтааст: - Ман ӌое намеравам бо шумо хоҳам буд то замоне, ки бародарам биёянд! Ҳамин тавр баъд аз ман ӯ дар хонаи мо будааст. Соли тангиҳо сар мешуд. Ҳукумат, ки тадбирҳои дуруст кардани ҳамкории деҳқононро медид, рӯз ба рӯз зиндагонӣ сахттар мешуд. Ҳанӯз рӯзи охар, ки дар озодӣ будам, рӯзе барои нон гирифтан бозор баромадам дидам, ки мардум пушти сари якдигар истодаанд. Мепурсидам: - Чӣ хабар аст? Гутанд: - Барои нон истодаанд ва аз бурун хабаре надоштам. Рӯзи ҳаррӯзаи ман мерасид, аз боғ ҳам ҳамин Содиқ барои ман нону ширу қаймоқу меваӌот меовард. То вақте ки дар боғ буданд корҳои боғро медидааст, пас аз кӯчидан ба шаҳр ба яке аз дӯконҳои нонфурӯш ба кор даромадааст. Чунон нонашон сероб шудааст, ки говашонро ҳам бо нон мепарварданд. Ҳамин тавр ин Содиқ барои дидани ман дар ҳабси Тошканд ҳам якчанд дафъа омад. Хонаи мо беодам намонда буд. Хидмати хубе барои мо мекард. Баъд аз ин рӯзҳои танг гуруснагии сахт дар Самарқанд ва дар тамоми ин сафаҳот сар мешавад. Бисёр касон аз гуруснагӣ мемиранд. Дар ҳамон овон бародарони Содиқ, ки дар он тарафи сарҳад буданд, барои дидани ӯ меоянд. Вақте ки онҳо ба Самарқанд ворид мешаванд, дар Регистону кӯчаҳои Самарқанд бачагони навӌавонон гурусна мехобиданд ва фарёдкунон: - Худоӌон нон мегуфтанд. Ин бародарони Содиқ ба чашми худ бовар намекарданд, мегуфтанд дар он сӯи сарҳад, яъне замини Эрон касе нест, ки нон бихӯрад, ҳама ӌо пургандуму орду хӯрданӣ аст. Ва дар худи ҳамин ӌо низ ҳама чиз буд, вале ин тадбири хидмат барои маӌбур кардани мардум буд ба дохил шудани колхоз. Барои як муассисае, ки то ал он, ки си сол мегузарад ва ҳанӯз лаёқати худашро собит накардааст ва мардум аз ӯ безоранд, чӣ қадар талафоти ӌонӣ медод. Бародарони Содиқ ӯро мехостанд ба вилояти худашон бибаранд, ҳар чӣ мегуфтанд ӯ қабул намекардааст ва мегуфтааст: - То бародарам аз ҳабс наёяд, ман аз хонаи ӯ ӌое намеравам. Бародарони ӯ гирён, нолон бе ӯ баргашта рафтанд. Ҳамин тавр Содиқ дар хонаи мо буд ва идора мекард, кораш ҳам хуб буд, гузаронишон дуруст будааст. Ман намедонам аз ӯ миннатдор бишавам ё аз меҳр сабр корҳои бандагон, Содиқ куӌо буду ман куӌо? Чанд рӯзе пеш аз ҳабс ӯро ба ман оварда супурд то, ким ан осуда дар банд банди ӯ бимонам. Сари инҳоро ҳар касе намедонад. Ба ин муносибат як ояи Инӌил ба ёдам омад, ки мефармояд: - Шумо хидмати маро бикунед, ман умри шуморо кифоят намоям. Дар ин воқеъ ман ин амрро муоина медидам. Ин Содиқро ба касри ман гирифта буданд, чанд моҳе нигоҳ дошта вел карда буданд. Вале дар соли 47 чанд нафар аз аҳиббои Самарқандро, ки дар давраҳои гузашта нагирифта буданд, ин дафъа гирифтанд, дар он миён ҳам Содиқ ҳам буд, ки то имрӯз маҳбус аст. Ҳанӯз бар нагаштааст. Зану ду фарзандонаш нигаронанд. Содиқ ҳамин рӯзҳо навиштааст, ки дар логир як ду дандони тилопӯш, ки дошта буд, дуздон ба зӯр гирифтаанд ва акнун дандони тоза гузоштан ёки дуруст кардани он хароб шудаҳоро лозим доштааст. Камтар пул фиристодам, кис арф кунад. Ин тавр дандоншиканиҳо дар логир шуда меистод. Ҳар касе, ки дандони тало дошт дар шаҳри мо кам буд. Ё онҳоро худашон гирифта мемонданд ёки албатта дар дасти зӯраворон меафтоданд ва онҳо ду се наве шуда зери пояшон гирифта бо зарбу лагат мегирифтанд. Як рӯзе воқеаи дигаре ҳам шуд. Ман он вақтҳо дар логир ба сифати коркуни маъданӣ хидмат мекардам. Дар Талибарзу будем. Як шаб аз Тошканд бо мошин як ҳайате аз коркунони шӯъбаи сиёсии марказӣ омаданд. Моро аз хоб бедор карданду бо фонусҳо бурданд сари қабристоне, ки маҳбусинро мегӯронданд. Ва дар онӌо гӯрҳоро мекобонданд, бо табар ӌоғи мурдаҳоро шикаста нигоҳ мекарданд, ки кадомаш дандони тало дошта бошад. Ҳамин тавр он чӣ ҳам нагирифта монда шуда бошад, мегирифтанд. Ин хуб тамошое буд. Ман ҳам ба сифати коркуни маъданӣ ба он сабр мекардам, вазифаи мадании худро адо мекардам. Бо Содиқ ду нафари дигар Тамҳид ва Аҳрор Махдумро низ гирифта буданд, ки ҳар кадоми онҳо 7 сола нишаста бар гаштанд.

ВАДУД МАҲМУДӢ КӢ БУД? (Тав. 8.10.1897, гуз. Хоҷа Зулмуроди ш. Самарқанд – ваф. 10.03.1976, ш. Душанбе), омўзгор, ходими маориф, нависанда, шоир, мунаққид, тарҷумон, луғатшинос, забоншинос, адиб. Тағои Камол Айнӣ ва табиби маъруф, академик Ҳомид Мансуров. Саводашро то ҳафтсолагиаш дар хонаи падараш – мударриси мадрасаи Хоҷа Зулмурод мулло Маҳмудҷон Махдум баровардааст ва баъд дар мактаби машҳури усули ҷадиди Абдулқодири Шакурӣ таҳсил кардааст. То ғалабаи Инқилоби Октябр дар ин мактаб аввал халифа – шогирд ва баъд муовини муаллими худ шуда кор кардааст (1909-1918). Дар мактаби олии «Алия»-и ш. Уфа ва баъд дар Институти адабӣ – бадеии ба номи Бирюсови ш. Москва таҳсил кардааст (1918-1919). Муаллими мактаби №1 ва курсҳои муаллимтайёркунӣ. Мудири шўъбаи маорифи халқи ш. Самарқанд, мудири маорифи н. Ҷиззах (1920-1926), мудир ва муҳаррири маҷаллаи «Маориф ва ўқитувчӣ», рўзномаи «Зарафшон», «Маърифат ва маданият» (1920-1926). Сипас дар Нашриёти давлатии Тоҷикистон дар Самарқанд ҳамчун тарҷумон, ходими адабӣ фаъолият кардааст (1927-1929). Соли 1930 ба Сталинобод (ҳоло Душанбе) омада, дар системаи маорифи халқ ва баъд дар ИЗА ба номи Рўдакии АФ Тоҷикистон вазифаҳои гуногунро ба ҷо овардааст. Дере нагузашта бесабаб ба ҳабс гирифта ба Ўзбекистон, Алмаато, Архангелск бадарға шуд, ки минбаъд бо Қарори Ҳукумат бегуноҳ эътироф гардид (1930-1954). Муаллифи аввалин алифбо ба ҳуруфи лотинӣ (1927), китобҳои дарсии «Омўзиш» (иборат аз 3 қисм, бо ҳамқаламии Т. Зеҳнӣ, 1927-1928), «Сарфи амалӣ» (барои синфҳои 2, 3, 4), «Дастури амалӣ» (сарф барои синфи 2 ибтидоӣ) ва ғ., ҳамчунин «Сабзаи навхез» (маҷмўаи шеърҳо). Душанбе, 1930, қиссаи ҳуҷҷатии «Муаллим Абдулқодири Шакурӣ» (с.1990 бо сарсухани С. Улуғзода дар моҳномаи «Садои Шарқ» №8 ба табъ расидааст). Ашъор ва романи манзуми А.С. Пушкин «Евгений Онегин», асарҳои Л. Толстой «Бачагӣ, наврасӣ, ҷавонӣ», маҷмўаи ҳикояҳои М. Горкий ва И. Тургенев, «Гамлет»-и У. Шекспир, «Саёҳат ба маркази Замин»-и Жюл Верн, «Масалҳо»-и И. Крилов ва дигар адибонро ба тоҷикӣ гардонидааст. Дар таҳияи «Фарҳанги забони тоҷикӣ» (1969) саҳми бориз гузоштааст. «Аслҳо ва наслҳо», Душанбе, соли 2013

📎📎📎📎📎📎📎📎📎📎